Баҳрабардорӣ аз маркази дармонӣ дар рӯстои Сафедораки Варзоб
Август 22, 2023 14:28 Asia/Dushanbe
Ба муносибати сию дуюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон як маркази дармонӣ дар рӯстои Сафедораки Варзоб ба баҳрабардорӣ расид.
Ин маркази дармонӣ тавассути мақомоти иҷроияи ноҳияи Варзоб ҳамроҳ бо сармоягузор бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар чорчӯби татбиқи дастӯруламалҳои ин вазорат роҳандозӣ шудааст, ки ба 352 хонавори таҳти пӯшиш ва 1932 нафар аз сокинони рӯстои мазкӯр хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ ироа медиҳад.
Ин маркази дармонӣ дорои утоқҳои пазириш, пизишки хонавода, муъоинаи занон ва таҷвизи дору буда ва муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти модерн мебошад.
Барчасп