Мушорикати Чин дар сохти корхонаи карбамид ва электромобил дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 23 Aug 2023 08:47:09 GMT )
Август 23, 2023 13:47 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Чин дар сохти корхонаи карбамид ва электромобил дар Тоҷикистон

Тоҷикистон садҳо миллиондоллар барои сохт корхонаи тавлиди карбамид ва электромобил аз Чин дарёфт мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бузургтарин тавофуқро ширкати «Осиё Кемикал»-и Тоҷикистон, ки дар заминаи тавлиди карбамид (нуриҳои миниреал)-ӣ фаъолият мекунад, ба манзури афзоиши зарфияти худ ба даст оварад.

Маросими имзои ин қарордодҳо дар ҳошияи сафари расмии раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Чин анҷом шуд.

Бозаргонони Тоҷикистону Чин дар ҳошияи сафари раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Чин қарордодҳои ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 400 миллиондоллар имзо карданд.

Ба ин тартиб, байни ширкати ҶСК «Азот»-и Тоҷикистон, ки молики он «Осиё Кемикал» аст ва ширкати чинии «Рунҷонг Холдинг Групп» қарордоде имзо шуд.

Маблағи қарордод 50 миллиондоллар аст, ки дар чорчӯби он муқарар шудааст, тавлиди карбамид дар "Азот" ба 180 ҳазор тон дар сол афзоиш ёбад.

Ҳамчунин қарордоди сохти корхонаи ҷадиди тавлиди карбамид дар Тоҷикистон бо зарфияти 300 ҳазор тон дар сол байни «Осиё Кемикал» ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп» ба имзо расид.

Ширкат "Авесто Групп"-и Тоҷикистон ҳам бо ширкати «Джинчуен»- Чин барои эҷоду мудирияти сармоягузории муштарак барои тавлиди худравҳои барқӣ дар ин кишвар, қарордод имзо кард.

Маблағи ин қарордод 25 миллиондоллар аст ва пас аз иҷрои он, қарор аст, солона 1500 худрави барқӣ дар Тоҷикистон тавлид шавад.