Умедвории сафир ба ҳалли мусолиматомези баҳси ҳавоии Маскав ва Душанбе
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.
Ба иттилои “Озодагон”, Фролов дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, ки баҳси мазкур сиёсӣ набуда, бархурди манфиатҳои пулии ширкатҳои ҳавоии ду кишвар мебошад.
Ӯ бо ситоиш аз имкониятҳо ва муносиботи Тоҷикистону Русия афзуд, ки қазияи мазкур ҳал хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест садҳо мусофир, ки барои парвоз ба Душанбе чипта харидаанд, чанд рӯз боз дар фурудгоҳи Иркутск дармондаанд ва парвозашон ба Тоҷикистонро интизоранд.
Бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар моҷарои ҳавоӣ ба хотири муҳоҷирон аз манъи парвози ширкатҳои русӣ ба Душанбе худдорӣ карданд.
“Таниш”-и ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав баъди он оғоз шуд, ки масъалаи парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” дар моҳи ноябр ба миён омад. Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз ин фурудгоҳ иҷозат надод. Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр кард, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад.
Намояндаҳои Тоҷикистону Русия мегӯянд, гуфтушунидҳо барои ҳалли ин масъала ҳанӯз натиҷае надодаанд.