Август 24, 2023 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҳафтумин Маҷмаъи сандӯқи ҷаҳонии муҳити зист

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳафтумин Маҷмаъи сандуқи ҷаҳонии муҳити зист дар Канада ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷмаъи ҳафтум ва нишастҳои марбут ба Сандуқи ҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор шуд  ва ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Баҳодур Шерализода,раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар он ширкат кард.
Маҷмаъи сандуқи ҷаҳонии муҳити зист ҳар чаҳор сол як бор баргузор мешавад ва яке аз мавзӯъоти аслӣ дар дастури кори ин маҷмаъ, оғоз ба кори Сандуқи ҷаҳонии танаввуъи зистӣ ( GBFF ) аст.
Дар чорчӯби ҳафтумин Маҷмаъи сандуқи ҷаҳонии муҳити зист дидору гуфтугӯҳои раиси Камитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо раҳбарони Созмонҳои байналмилалӣ ва вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳо анҷом шуд.

 

Барчасп