Дидори раисони ҷумҳури Тоҷикстону Қазоқистон
Раисони ҷумҳури Тоҷикстону Қазоқистон бо ҳам дидор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ибтидо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз истиқбол, тавваҷуҳ ва ҳимояти гарми тарафи Қазоқистон аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва намоишгоҳи маҳсӯлоти кишоварзӣ ва саноеъи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкент ташаккур кард.
Изҳори итминон шуд, ки ин рӯйдодҳо ки дар сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни кишварҳо баргузор мешавад, далели дигаре бар тавсеаи пойдори мушорикату иттиҳоди роҳбурдии байни Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳад буд.
Дар ин дидор тарафҳо ба вижа ба фаъолиятҳои комиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин гардиши коло байни ду кишвар, ки ҳаҷми он танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба наздик ба 600 миллион доллар расид, табодули назар карданд.
Ин итминон ҳосил шуд, ки тарафҳо метавонанд дар ояндаи наздик шохисҳои тиҷории дуҷонибаи солонаро ба 2 миллиард доллар афзоиш диҳанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Қазоқистон дар низоми куллии равобити иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи пешрав дорад.