Август 30, 2023 12:52 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Фаласитин

Мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Фаластин дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ройзанӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Риёз Ал Моликӣ, вазири умӯри хориҷа ва муҳоҷирини давлати Фаластин дидору гуфтугу кард.

Дар ин гуфтугуҳо масоили марбӯт ба ҳамкориҳои дуҷонибаи сӯдманд байни ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Пас аз нишасти дуҷониба ба раёсати вузарои хориҷаи ду кишвар, сеюмин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистону вазорати умӯри хориҷа ва муҳоҷирини кишвари Фаластин баргузор шуд.

Дар ройзаниҳо тарафайн дар хусӯси вазъияти мавҷӯд ва чашмандози равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.