Август 31, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 260 ҳазор синфи якум дар Тоҷикистон дар соли таҳсилии пеши рӯ
    Вуруди 260 ҳазор синфи якум дар Тоҷикистон дар соли таҳсилии пеши рӯ

Имсол 260 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба синфи якум мераванд.

Ба гузориши Азия-Плюс, Вазорати маъориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард: дар соли таҳсилии ҷаддид ҳудуди 260 ҳазор нафар барои аввалинбор вориди мактаб мешаванд. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 60 ҳазор нафар бештар аст.

Ҳамчунин Вазорати маъорифи Тоҷикистон аз камбуди муаллим дар соли таҳсилии гузашта хабар дод. Бар ин асос,4 ҳазору 347 муаллими ҷаддид  ба рафъи ин мушкил ба шаҳристонҳо ва манотиқ эъзом шуданд, ки бояд дар озмуни шуғли қабул шуда сипас истихдом шаванд.

Бар асоси иттилооти ин Вазоратхона, имрӯз 3 ҳазору 967 мактаби миёнаи умумӣ дар Ҷумҳӯри Тоҷикистон вуҷҷӯд дорад, ки 126 ҳазору 354 муаллим дар онҳо машғул ба тадрис ҳастанд, ки аз ин теъдод 81822 нафари аз онҳо зан ҳастанд.

Теъдоди кули донишомӯзони Тоҷикистон ба 2 миллиону 232 ҳазору  114 нафар расида, ки як миллиону 79 ҳазору 197 нафар духтар ҳастанд

Гуфтани аст, ки дар соли таҳсилии ҷаддид 312 мактабу кудакистони ҷаддид дар саросари Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ мерасад.

Бештар бихонед:

Аввали август оғози сабти номи донишомӯзони пояи аввали ибтидоӣ дар Тоҷикистон