Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон
Дар дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон ҳамкории ду тараф дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Акиҳико Танака дар ин дидор масоили марбӯт ба ҳамкории Тоҷикистон бо ожонси ҳамкории байналмилалӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Раҳмон аз сатҳи ҳамкории байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ба вижа дар афзоиши маҳоратҳои кормандони давлатӣ, иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ барои таъмини оби ошомиданӣ ва беҳбуди зерсохтҳои ҳамлу нақли ҷодаҳо, ҳавонавардӣ, ҳифзу нигаҳдории саломати модару кӯдак, тавсеаи муроқибатҳои беҳдоштӣ ва кишоварзӣ, иқтисод, энержӣ ва мудирияти марзҳои давлатӣ ибрози ризоят кард .
Дар ин дидор ду тараф омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар соири заминаҳои авлавиятдор ва иҷрои аҳдофи стротежики Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи кишварии Ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон таъкид карданд .
Дар бахши диари ин дидор масоили марбут ба беҳбуди фазои касбу кор, беҳбуди иштиғоли ҷамъият, афзоиши сатҳи рақобатпазирии Тоҷикистон, тавсеаи сохтори саноъату содирот, созмондиҳии касбу кори нав, таъмини манобеи молӣ барои анҷоми иқдомоти пешгирӣ аз балоёии табиӣ ва коҳиши таъсири манфии асароти тағироти иқлимӣ баррасӣ шуданд .
Таи ин дидор хотирнишон шуд,ки таъомул дар заминаи омодасозии мутахассисону кормандони давлатӣ дар ҳавзаҳои мухталифи мудириятӣ, молӣ, бонкӣ, гардишгарӣ, роҳсозӣ, энержӣ ва соири саноеъ ҳамчунон дар авлавияти тавсеаи равобити дуҷониба аст.