Сентябр 02, 2023 13:45 Asia/Dushanbe
  • Сафири нави Эрон устуворномаи худро тақдими вазири хориҷаи Тоҷикистон кард

Сафири нави Ҷумҳурии исломии Эрон рӯнавишти устуворномаи худро тақдими вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиризо Ҳақиқиён-сафири нави Ҷумҳурии исломии Эрон рӯнавишти устуворномаи худро таи маросиме таслими Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон кард.
Дар ин мулоқот тарафҳо дар мавриди вазъияти кунунӣ, ҳамкориҳои сӯдманди дуҷониба ва чашмандози тавсеаи равобити Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.
Сироҷиддини Муҳриддин оғози маъмурияти Алиризо Ҳақиқиёнро табрик гуфту иброз итминон кард,ки вай ба сурати фаъол дар ҷиҳати тавсеаву таъмиқи равобити дуҷониба иқдом хоҳад намуд.
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои торихӣ ва фарҳангии фаровон ва раванди мусбати ҳоким бар равобити ду кишвар бар густариш беш аз пеши муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар таъкид кард.
 

 

Барчасп