Сентябр 03, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Бозорчаҳои муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон бозгушоӣ шуданд
    Бозорчаҳои муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон бозгушоӣ шуданд

Бозорчаҳои муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз таҳавулоти ду соли ахир бори дигар бозгушоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ду сол дастгури бозгушоӣ бозорчаҳои муштарак бо Афғонистонро дар шаҳрҳои Нусай, Шуғнон, Дарвоз ва Ишкошими вилояти Бадахшон содир кард.

Дар маросими бозгушоӣ ин бозорчаҳо мақомоти маҳаллии ҳукумати Афғонистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Мақомоти тоҷикистонӣ ҳадаф аз бозгушоӣ ин бозорчаҳоро фароҳам шудани шароити беҳтар барои тоҷирон дар ду суи рудхонаи Ому унвон карданд.

Ин мақомот ҳамчунин таъкид карданд бозгушоӣ бозорчаҳои марзи ба рушди мубодилоти коло миёни ду кишвар ва эҷоди шуғл ба мардуми ду тараф муҳим аст.

Барчасп