Сентябр 04, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари Дабир кули хонакоргари Эрон ба Тоҷикистон
    Сафари Дабир кули хонакоргари Эрон ба Тоҷикистон

Дабири кули хонакоргари Эрон ба манзури оғози ҳамкорӣ бо ҳамтои худ ба Тоҷикистон сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, намояндагони Иттиҳодиаҳои коргари Эрон бо ҳузӯри намояндагони мақомоти Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент боздид карданд. Дар поёнаи марзии  Саразми Панҷакент, намояндагони масъули ноҳия, иттиҳодияҳои синфии минтақаи Суғд ва Панҷакент бо намоянгони иттиҳодияҳои коргари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дидор карданд. Раёсати ҳайати эрониро ноиби раиси Федератсияи ҷаҳонии иттиҳодияи коргар ва Дабири кули хонакоргари Эрон, Алиризо Маҳҷуб, бар уҳшда дорад.

Сафар ба шаҳри бостонии Саразм ва боздид аз мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз дигар барномаҳои ҳайати эронӣ буд