Сафари Дабир кули хонакоргари Эрон ба Тоҷикистон
Сентябр 04, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
Дабири кули хонакоргари Эрон ба манзури оғози ҳамкорӣ бо ҳамтои худ ба Тоҷикистон сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, намояндагони Иттиҳодиаҳои коргари Эрон бо ҳузӯри намояндагони мақомоти Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент боздид карданд. Дар поёнаи марзии Саразми Панҷакент, намояндагони масъули ноҳия, иттиҳодияҳои синфии минтақаи Суғд ва Панҷакент бо намоянгони иттиҳодияҳои коргари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дидор карданд. Раёсати ҳайати эрониро ноиби раиси Федератсияи ҷаҳонии иттиҳодияи коргар ва Дабири кули хонакоргари Эрон, Алиризо Маҳҷуб, бар уҳшда дорад.
Сафар ба шаҳри бостонии Саразм ва боздид аз мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз дигар барномаҳои ҳайати эронӣ буд