Эҳдои доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i106920-Эҳдои_доктори_ифтихории_Донишгоҳи_миллии_Тоҷикистон_ба_раиси_Ожонси_ҳамкории_байналмиллалии_Ҷопон
Масъулони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон доктори ифтихори ҳадия карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 04, 2023 12:39 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон
    Эҳдои доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон

Масъулони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раиси Ожонси ҳамкории байналмиллалии Ҷопон доктори ифтихори ҳадия карданд.

Раиси Ожонси ҳамкориҳои байнамиллалии Ҷопон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид ва бо устодон ва коркунони ин Донишгоҳ дидори ва гуфтугӯ кард. ва дар боздид аз ин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастоврадҳои илмӣ ва фаннии ин Донишгоҳ ошно шуд.

Қобилҷон Хушвахтзода раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар хусуси  аҳамият ва ба мавқеъ будани ин нишаст ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаи омӯзиш суҳбат кард.

Ҳамчунин бо тасмими  ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раиси Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон ба унвони узви ифтихории Шӯрои донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Эҳдои доктори ифтихори ба раиси Ожонси байнамиллалии Ҷопон ба далели талошҳои вай дар тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба будааст.

Ин Ожонс пружаҳои мухталиферо дар заминаи ҳамлу нақл, таъмин об, муроқибатҳои беҳдоштӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.