Оғоз ба кори конфронси байналмилалии гардишгарӣ дар Душанбе
Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии гардишгарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) кори худро оғоз кард.
Кумитаи иҷроии ин созмон эълом кард, ин конфронс бо унвони марҳалаи ҷадиди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ ду рӯз идома хоҳад дошт.
Руасои муассисоти гардишгарӣ, маҳофили тиҷорӣ ва коршиносони гардишгарии кишварҳои ИДМ дар ин рӯйдод ширкат хоҳанд кард.
Дар ин дидор тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи тавсеаи гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор хоҳад гирифт ва кишварҳои ширкаткунанда ба табодули таҷрибиёт хоҳанд пардохт.
Мавзӯи эҷоди масирҳои муштараки гардишгарӣ яке аз меҳварҳои ин нишаст талаққӣ мешавад.
Интизор меравад ширкаткунандагон нақшаи роҳи тавсеаи хӯшаҳои гардишгарӣ дар Осиёи Марказиро таҳия кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик 628 ҳазор гардишгар дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки 453 ҳазор нафар аз кишварҳои ИДМ будаанд.