Баргузории Ҳамоиши занони фаъол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Занони фаъоли кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе гирди ҳам меоянд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, нишасти аъзои Ҳамоиши гуфтугӯи занони Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти руасои ҷумҳӯрии кишварҳои минтақа дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи Тоҷикистон, нишасти занон 14-уми сентябр дар Душанбе дар чорчӯби панчумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Ҳайати расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон Туркманистон ва Узбекистон дар ин Ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.
Дастёби ба баробарии ҷинсияти дар заминаи созгори бо тағироти обу ҳаво дар Осиёи Маркзаӣ дар феҳристи мавзӯъоти мавриди баҳс зикр шудааст.
Ширкаткунандагон аз саноъеи дастӣ, Музеи миллии Тоҷикистон, маҷмуъаи "Куҳи Наврӯз" ва ҷашнвораҳои мухталиф боздид хоҳанд кард.
Ҳамоиши занон ба муддати 2 рӯз идома хоҳад дошт ва дар 15-уми сентябр ширкаткунандагон аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак боздид мекунанд.