Дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107218
Дар дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистону Туркманистон мушорикати роҳбурдии ду кишвар ва нишасти машваратии ояндаи сарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Шӯрои сарони кишвари муассиси сандуқи байналмилалии Наҷоти баҳри Арал баррасӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 13, 2023 17:59 Asia/Dushanbe
  • Нишасти мақомоти Тоҷикистону Туркманистон
    Нишасти мақомоти Тоҷикистону Туркманистон

Дар дидори вузарои хориҷаи Тоҷикистону Туркманистон мушорикати роҳбурдии ду кишвар ва нишасти машваратии ояндаи сарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Шӯрои сарони кишвари муассиси сандуқи байналмилалии Наҷоти баҳри Арал баррасӣ шуд.

Ба гузориши “Форс”, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, масоили муҳими мушорикати роҳбурдии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.