Пешниҳоди эҷоди Анҷумани расонаҳои гуруҳии кишварҳои Осиёи марказӣ тавассути раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон
(last modified Thu, 14 Sep 2023 13:32:50 GMT )
Сентябр 14, 2023 18:32 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди эҷоди Анҷумани расонаҳои гуруҳии кишварҳои Осиёи марказӣ тавассути раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон

Раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди эҷоди Анҷумани расонаҳои гуруҳии кишварҳои Осиёи марказиро матраҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди эҷоди Анҷумани расонаҳои гуруҳии кишварҳои Осиёи марказиро матраҳ кард.
Ин пешниҳод аз сӯи раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи миёна, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт ки алоқаи расонаҳо ба кишварҳои Осиёи марказӣ ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.
Раиси ҷумҳӯр таъкид кард, ки фазои расонаҳои ҷамъӣ мамлу аз иттилооти мухталиф мутаноқизу таҳриф шудааст . Лозим аст иқдомоте барои эҷоди фазои иттилоотӣ дар минтақа бар асоси воқеиятҳои воқеӣ ва на бар асоси фарзияҳо анҷом шавад.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо ин аҳдоф аз эҷоди Анҷумани расонаҳои гуруҳии кишварҳои Осиёи марказӣ ҳимоят мекунем.
Ин дар ҳоле аст, ки дар панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи миёна, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистоносимжомарт Тоқаев, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Қазоқистон, Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Қирғизистонардор Бурдимуҳаммадов,раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Туркманистонавкат Мирзиёев,раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Узбекистон ва Илҳом Алиев, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони меҳмони ифтихорӣ ҳузур доштанд.