Афзоиши теъдоди бурҷҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Тоҷикистон теъдоди бурҷҳои назоратӣ дар марз бо Афғонистонро афзоиш додааст.
Ба гузориши “Спутник”, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат Тоҷикистон теъдоди посгоҳҳои худро дар марз бо Афғонистон афзоиш додааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки фақат дар соли ҷорӣ даҳ посгоҳ ё мақари марзбонии ҷадид дар марз бо Афғонистон сохта шудааст.
Давлати Тоҷикистон аз вазъияти Афғонистон, ба вижа таҷаммуи ифротгароён дар шимоли ин кишвар нигарон аст.
Посгоҳи марзии Гулдара яке аз марокизи ҷадиди марзбонӣ аст, ки дар минтақаи Шамсиддини Шоҳин ифтитоҳ шуд. Ин бурҷи назоратӣ канори рӯди Панҷ, минтақаи Бадахшони Афғонистон қарор дорад.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, ки дар соли ҷорӣ панҷ посгоҳ дар манотиқи марзӣ сохта мешавад.
Ӯ афзуд, аз ин панҷ посгоҳ се посгоҳ такмил ва дар ҳол иистифода аст.
Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, посгоҳҳо бо кумаки тоҷирони хайрхоҳ сохта шудааст.
Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.