Сентябр 16, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими азодории солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а) дар Тоҷикистон

Маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими азодории солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Алӣ бин Мӯсо Ал Ризо (а) бо ҳузури ҷамъи зиёде аз эрониёни муқиму дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин маросими маънавӣ бо таловати оёте аз Қуръони Маҷид ва қироъати зиёрати имом Ризо (а) оғоз шуд ва сипас сӯгворон дар ин маросим маддоҳӣ, марсияхонӣ ва синазанӣ карданду ашки мотам рехтанд.