Сентябр 21, 2023 14:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори руасои Ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон дар Ню-Йорк
    Дидори руасои Ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон дар Ню-Йорк

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сийид Иброҳими Раисӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳошияи нишасти маҷмаъи умуми Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо як дигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Ховар, дар ин дидор тақвияти бештари равобити Тоҷикистон ва Эрон ва масоъили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Сарони дукишвар бо ибрози ризоят аз гуфтугӯҳои созандаи сиёсӣ, тадовуми равобити муваффақро қабл аз ҳар чиз дар заминаиҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва транзит, гардишгарӣ, ҳамкориҳои чанҷонибаи байни манотиқ ва устонҳои дукишвар,афзоиши парвозҳо ва рафту омади мардуми дукишваррро зарурӣ донистанд.

Дар ин дидор иаъкид шуд, ки иҷрои илмии " барномаҳои иқтисодӣ ва тиҷории дукишвар то соли 2030" ва тадовуми фаъолияти муассири камисиюни муштараки байни давлатӣ барои таҳақуқи аҳдоф аз аҳамияти вижае бархурдор хоҳад буд.

Сарони дукишвр дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои дукишвар дар чорчӯби Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони Ҳамкории  Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории  Шанхай ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гуфтугӯ карданд.

Дар робита  бо вазъити Афғонистон низ таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон ба унвони  наздиктарин ҳамсояҳо пеш аз соирин алоқаманди барқарории сулҳ ва субот дар ин кишвар ҳастанд.