Сентябр 21, 2023 15:16 Asia/Dushanbe
  • Сабти
    Сабти "Ҷангали туғайи Бешаи палангони" Тоҷикистон дар феҳристи меъроси ҷаҳонии ЮНЕСКО

"Ҷангали туғайи минтақаи ҳифозат шудаи Бешаи палангон" воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон дар феҳристи меъроси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.

Ба гузориши"Ховар" ба нақл аз Кумитаи муҳити зисти вобаста  ба давлати Тоҷикистон, дар чиҳилу панҷумин Иҷлоси Кумитаи меъроси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки 10 сетябр оғоз  ба кор карда ва то 25 сентябр дар Арабистони саъудӣ идома дорад, ҳайати Тоҷикистон ба раёсатии Баҳдур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ширкат кард. Дар ин Иҷлос"Ҷангали туғайи минтақаи ҳифозат шудаи Бешаи палангон", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон дар феҳристи меъросии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.

Паноҳгоҳи табии давлатии " Бешаи палангон" аввалин паноҳгоҳи табии давлати Тоҷикистон аст, ки бо тасмими Шӯрои собиқи  Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯрави дар 4-уми ноябри 1938 ба манзури ҳифзи нигаҳдории окусистамаҳои мунҳасир ба фарди Тоҷикистон таъсиси шуд.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption