Сафари дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон ба ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107430-Сафари_дабири_Шӯрои_олии_инқилоби_фарҳангии_Эрон_ба_ноҳияи_Панҷакенти_Тоҷикистон
Дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангии Эрон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷакент дидор карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 21, 2023 19:49 Asia/Dushanbe
  •   Сафари дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон ба ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон

Дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангии Эрон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷакент дидор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Абдулҳусайни Хусравпаноҳ-дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва « Маҳмуди Шолуӣ-раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангии Эрон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон аз оромгоҳи Рӯдакӣ боздид карданд.
Абдухалил Холиқзода-раиси ноҳияи Панҷакент аз ҳайати Эрон истиқбол ва бо нону асал пазироӣ кард .
Маросими шеърхонӣ барои намояндагони Эрон бо ҳузури нависандагон, ва ҳунармандони тоҷик баргузор шуд .
Ҳайати Эронӣ аз истиқболи гарм ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар бо ягонагии забонӣ ва фарҳангӣ ибрози хурсандӣ кард.