Сентябр 22, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз мафохири Тоҷикистон, хоса дар ҳавзаи шеъру адаби форсӣ
    Таҷлил аз мафохири Тоҷикистон, хоса дар ҳавзаи шеъру адаби форсӣ

Ҳайати олирутбаи фарҳангии Эрон бо ҳузур дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бо Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ зимни таъкид бар пешинаи амиқи таърихиву фарҳангии Эрону Тоҷикистон, бар густариши равобити ду тараф дар таҷлил аз машоҳири эрониву тоҷикӣ, хосса дар ҳавзаи шеъри форсӣ таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, дар ин нишаст гуфта шуд, ки таҷлил аз мафохири Тоҷикистон, хоса дар ҳавзаи шеъру адаби форсӣ дар дастури кори анҷуман қарор дорад.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин мулоқот ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик бо мусоидати Вазорати фарҳанги ин кишвар аз мафохиру чеҳраҳои барҷастаи эронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил ба амал ояд.

Дар поёни ин ҷаласа тарафҳо ба якдигар ҳадоёе эҳдо карданд.

 

Таҷлил аз мафохири Тоҷикистон, хоса дар ҳавзаи шеъру адаби форсӣ

 

Барчасп