Сентябр 23, 2023 14:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон бо раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон бо раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи сафари ҳайати Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ ба Душанбе, ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Хусравпаноҳ-дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ бо Хайриддин Усмонзода-раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Абдулҳусайни Хусравпаноҳӣ-дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва Шолуӣ-раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ ва Алиризо Ҳабибӣ-муовини умӯри байналмиллал ва устонҳои Анҷуман ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе баргузор шуд, бар аҳамияту зарурати густаришу таъмиқи равобити илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ду тараф таъкид шуд.
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт : Талоши мо дар Маркази мутолиъоти стратегӣ бар ин аст, ки зимни имконсанҷии ниёзҳои ду кишвар дар арсаи илму фарҳанг, осониҳои лозимро дар рафъи ниёзҳои идорӣ ва ташрифотии марбут ба равобити фарҳангии ду кишварро дар ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ ва назди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон фароҳам оварем.
 

 

Барчасп