Сентябр 25, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Баррасии шеваҳои эъзоми ҷавонони тоҷикистонӣ ба хидмати сарбозӣ
    Баррасии шеваҳои эъзоми ҷавонони тоҷикистонӣ ба хидмати сарбозӣ

Бо ҳузури масъулони ниҳодҳои низомии Тоҷикистон масоъили марбут ба фарохонии ҷавонон барои хидмати сарбозӣ баҳсу барраси шуд.

Ба гузориши Садои Хурсон, дар ин ҷаласаи  Додситонҳои низомии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорат бар риояти дақиқи ва иҷроии яксони қонуни таъаҳудоти низомӣ ва хидмати сарбозиро тақвият кунанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки тасмимоти лозимро барои пешгири ва аз байн бурдани авомили фасод ва нақзи бештари қонун иттихоз кунанд.

Хоста шуд даъват ба хидмати сарбозӣ дар замони таъин шуда ва бо кайфияти боло анҷом шавад. Дар суратҷаласаи комиссари ҳарбӣ  қайд шуд, ки « лозим аст масъулон бо масъулиятпазири ва диққат дар раванди баргузории даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарби амал кунанад ва даъватҳоро дар замони таъин шуда ва бо кайфияти боло анҷом диҳанд». Даъвати тирамоҳи аз нерӯҳои ҷаддид дар Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва ноябр идома хоҳад дошт.

Дар Тоҷикиситон ҳар сола 2 мартаба дар фасли баҳор ва тирамоҳ барои даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ фарохон дода мешавад.