Декабр 29, 2016 09:56 Asia/Dushanbe
  • Барқи тоҷик натоиҷи таҳқиқи хомӯшии саросариро эълом накардааст

Ширкати давлатии Барқи тоҷик бо гузашти 2 моҳ, аз қатъи барқ дар саросарии 28 октябр дар Тоҷикистон, то ба ҳол натоиҷи таҳқиқ дар бораи иллати ин қатъиро эълом накардааст.

Ба гузориши сойти Топтҷ, ширкати давлатии Барқи тоҷик эълом кардааст, ки натоиҷи таҳқиқи комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ин замина омодашуда , ки интишори он ниёз ба ҳамоҳангӣ дорад.

Дар рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ қатъи барқ дар Тоҷикистон, ки шаҳри Душанберо низ дарбар гирафта буд, ба гуфтаи манобеи ҳукуматӣ бар асари бурузи мушкилоти фаннӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Норак бузургтарин марказ тавлиди барқи ин кишвар ба вуҷуд омадааст. Дар он замон интиқоли барқ ба шаҳри Душанбе пас аз 3 соат азсар гирифта шуда буд.

Бо ин ҳол, коршиносони умури энержӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки иллати бурузи мушкилоти фаннӣ дар неругоҳи барқӣ обии Норак муроот накардани муқаррароти эминӣ ва фаннӣ дар ин нерӯгоҳ мебошад. Зеро таҷҳизоти неругоҳӣ дар Тоҷикистон кӯҳна ва фарсуда шуда ва мутахассисин низ муқаррароти эминиро риоят намекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон акнун дар пайи дарёфти қарз ва эътибороти молӣ аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои таъвизи таҷҳизоти кӯҳна шуда дар неругоҳи барқӣ обии Норак мебошад, ки беш аз 50 сол аст, 70 дарсад аз барқи ин кишварро таъмин мекунад.