Сентябр 27, 2023 12:54 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии теннисбози эронӣ баробари намояндаи Тоҷикистон

Амирҳусайни Ҳидоӣ нахустин дидори худ дар бахши инфиродии мусобиқоти тенниси рӯи мизи Бозиҳои осиёиро бо бурд ба поён расонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти бахши инфиродии тенниси рӯи мизи бозиҳои Осиё 2022 Хангжоу дар рӯзи чаҳоруми рақобатҳо баргузор шуд.

Ҳадоӣ дар марҳалаи яксиюдувуми ниҳоии мусобиқоти инфиродӣ аз соати 10:45 ба вақти Хангчжоу муқобили Убайдуллоҳ Султонов аз Тоҷикистон қарор гирифт.

Ҳидоӣ дар бахши мардони Федератсиюни ҷаҳонии тенниси рӯи миз (ITTF) рутбаи 130-ро ба худ ихтисос дода ва ҳариф ӯ ҷое миёни 863 теннисбози бартари дунё надорад.

Амирҳусайни Ҳидоӣ кори сахте муқобили ҳарифи худ надошт ва ба роҳатӣ ба пирӯзӣ расид. Мусобиқоти инфиродӣ ба сӯрати чаҳор аз ҳафт баргузор мешавад ва ҳар теннисбоз чаҳор геймро ба сӯди худ тамом кунад, пирӯзи бозӣ хоҳад буд.

Ӯ ба тартиб бо натоиҷи 11 бар 4, 11 бар 5,  11 бар 8 ва 11 бар 6 танҳо дар 26 дақиқа соҳиби бартарӣ шуд ва ба марҳалаи якшонздаҳуми ниҳоӣ роҳ ёфт.

 

Барчасп