Сентябр 28, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмиллалии сармоягузории
    Ҳамоиши байналмиллалии сармоягузории "Душанбе-Инвест2023" дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

Ҳамоиши байналмиллалии сармоягузории “Dushanbe-invest 2023” дар таърихи 29 то 30 сентябр, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Ховар, Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои хориҷӣ, Созмонҳои байналмиллалӣ, Вазоратхонаҳо, Кумитаҳо ва соири сохторҳои муртабит бо кишвари ширкат мекунанд.

Маросими ифтитоҳияи ҳамоиши байналмиллалии сармоягузорӣ, "Душанбе- Инвест 2023" дар Кохи Истиқлол баргузор мешавад.

Қарор аст ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш аз ширкатҳои санъатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода ҳам боздид кунанд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ироаи шароит ва имконоти фазоии сармоягузории матлуби Тоҷикистон, ҷазби сармоягузорӣ, эҷод ва тақвияти ҳамкории байни ширкатҳои дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамчунин эҷоди фурсат барои рушди тиҷорати диҷитоли дар кишвар аст.