Зарфияти истихроҷи яку ним миллион тон санги маъдани ширкати ТАЛКО голд
(last modified Thu, 28 Sep 2023 14:07:02 GMT )
Сентябр 28, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти истихроҷи яку ним миллион тон санги маъдани ширкати ТАЛКО голд

Муовини ширкати ТАЛКО голд гуфт : Зарфияти тарроҳии рӯзона ширкат 5 ҳазор тон санги маъдан ва зарфияти фароварии солона 1.5 миллион тон аст.

Холмурод Ҷумъазода афзуд : Ин ширкат  барои 8 моҳи соли 2023 маҳсӯлоти саноъатӣ ба арзиши беш аз 242.5 милюн сомонӣ тавлид кард .Ба гуфтаи вай бо расидан ба зарфияти комил тавлиди тилло ба 2.2 тон ва сурма ба 21 ҳазор тон хоҳад расид.
Муовини ширкат ёдовар шуд, ки ҳангоми тавсеаи пружаи сохти корхонаи металлуржӣ  тамоми стандартҳои ҳифозат аз муҳити зист дар назар гирифта шудааст.
Бинобарин дар ин пружа аз маводи кимиёии зарарнок истифода намешавад.
Ӯ изҳор кард : Теъдоди коркунони ин корхона ҳазор нафар аст.
Аз ин теъдод 150 нафар шаҳрванди Чин ва 850 нафар бумӣ ҳастанд.
Вай афзуд, ки дар ин муддат наздик ба 53 миллион сомонӣ андоз ба буҷети давлатӣ ворез шудааст.
ТАЛКО голд, яке аз ширкатҳои маъданӣ аст, ки 50 дарсади сармояи он мутаъаллиқ ба   ширкати Алюминийи тоҷик ва ниме аз он мутаъаллиқ ба Чин аст.