Сентябр 29, 2023 21:05 Asia/Dushanbe
  • Аслиддин Ҳабибуллоев
    Аслиддин Ҳабибуллоев

Сармураббии тими футболи Хатлон аз симати худ истеъфо дод.

Ба гузориши “Спутник”, Аслиддин Ҳабибуллоев ба далели шикастҳои паёпай дар ин давра аз мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон истеъфо кард.

Хадамоти матбуотии тими футболи Хатлон эълом кард, сармураббӣ бо майли худ номаи истеъфои худро навиштааст.

Меҳроб Зоҳирбеков ва дастёраш Комилҷон Ортиқов ба унвони сармураббӣ ва мураббии ҷадиди тим мансуб шуданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев тими Хатлонро ба финали Ҷоми 2020 Тоҷикистон бурд ва дар он ҷо ин тим ба мақоми дувум расид. Ин тим дар соли 2022 қаҳрамони Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистон шуд ва қаҳрамониро дар радаи чаҳоруми ҷадвали радабандӣ ба поён расонд.

Хатлон дар соли 2023 бо ҳидояти Аслиддин Ҳабибуллоев ба ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

 

Барчасп