Дидори раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия
(last modified Sun, 01 Oct 2023 13:25:54 GMT )
Октябр 01, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Русия

Дар дидори Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия тақвияти ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, ҷазби сармоягузорӣ, навоварӣ ва фанновариҳои ҷадид баррасӣ шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, муносибатҳо ва сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия, ки бо саъю талоши Роҳбарони ду давлат бемайлон рушд доранд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки байни ду давлат ҳамкории устувор дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, робитаҳои байналмилаливу байниминтақавӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тавсеа меёбанд.

Дар ин зимн, нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, андешаронӣ намуда, дар ин раванд нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъкид намуданд.

Вобаста ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия, инчунин ҳавасмандии шаҳрдории пойтахт ҷиҳати рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷонибаи байни пойтахтҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.