Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милал дар заминаи саноат
-
Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милал дар заминаи саноат
Дар дидори муовини вазири санот ва фанновариҳои навини Тоҷикистон ва муовини мудирикули созмони тавсеаи саноати милал вазъияти феъли ва чашмандоз ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф барраси шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хабаргузории Форс дар душанбе, Азиз Назар муовини вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон бо Сиюнг Зу муовини мудири кулли созмони тавсеаи санъатии милали муттаҳид дидор ва гуфту кард .
Дар ин дидор ки дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена баргузор шуд, ду тараф дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкори дар заминаҳои мухталиф аз ҷумлаи тавсеаи саноати сабк табодули назар ва омодагии худро барои тақвияти бештари равобит эълом карданд.
Дар ҷараёни ин дидор таъкид шуд ки Тоҷикистон ба тавсеаи бахши саноати тавваҷуҳ махсус дошта ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо ЮНИДУ-ро яке аз заминаҳои муҳими рушд медонад.