Таъкиди раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i107862-Таъкиди_раиси_Ҷумҳурии_исломии_Эрон_бар_идомаи_ҳамкориҳои_дуҷонибаи_Эрону_Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 06, 2023 21:12 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Сайид Иброҳими Раисӣ
    Табрики солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Сайид Иброҳими Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс”, Сайид Иброҳими Раисӣ бо ирсоли паёме зимни табрики солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, равобити дӯстонаву бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳову иштирокоти амиқи фарҳангӣ, мазҳабӣ, таърихиву забонии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди хубе бархӯрдор шудааст.

Вай ибрози умедворӣ кард, бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи мутақобил ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ бошем.

Сарони кишварҳои Русия, Чин, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус, Туркия, Қирғизистон, Арманистон . . . руасои созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ҳафтоду якумин солрӯзи таваллуди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд.