Таъкиди раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс”, Сайид Иброҳими Раисӣ бо ирсоли паёме зимни табрики солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, равобити дӯстонаву бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳову иштирокоти амиқи фарҳангӣ, мазҳабӣ, таърихиву забонии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди хубе бархӯрдор шудааст.
Вай ибрози умедворӣ кард, бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи мутақобил ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ бошем.
Сарони кишварҳои Русия, Чин, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус, Туркия, Қирғизистон, Арманистон . . . руасои созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ҳафтоду якумин солрӯзи таваллуди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд.