Ҳамкории минтақаӣ меҳвари гуфтугуи телефонии раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Узбекистон
Раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Узбекистон дар гуфтугуи телефонӣ дар мавриди масойили ҳамкориҳои минтақаӣ табодули назар карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев,раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар гуфтугуи телефонӣ дар мавриди масойили ҳамкориҳои минтақаӣ табодули назар карданд .
Раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар ин гуфтугуи телефонӣ бар нақши Эмомалӣ Раҳмон дар дастёбӣ ба сатҳи кунунии равобити дӯстӣ, мушорикати стратегӣ ва ҳампаймонии Узбекистону Тоҷикистон таъкид кард.
Ҳамчунин бар тавсеаи равобитву табодулоти фаъол таъкид ва ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ афзоиш меёбад. Пружаҳои таъовунӣ дар заминаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноъат, энержӣ, кишоварзӣ ва соири ҳавзаҳои авлавиятдор иҷро мешавад.
Арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвар соли 2022 милодӣ 503 миллион доллар буд.