Декабр 29, 2016 14:48 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳавопаймоии русӣ аз Тоҷикистон шикоят мекунад

Ба навиштаи сойти Озодагон, ширкати ҳавопаймоии русии “Ямал” дар назар дорад, бобати лағви парвозҳояш аз Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят кунад.

Анрей Дубров, директори тиҷории “Ямал”, ки хисорати лағви парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар ҳоли баррасӣ аст ва талош мекунем, ин хисоратро аз тариқи шикоят ба додгоҳ ҷуброн кунем.

Ба гуфтаи вай, мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии тоҷик ҳанӯз ҳам ба парвозҳои ин ширкат иҷозаи парвоз надодаанд, барои ҳамин дирӯз якбори дигар парвози ҳавопаймо аз Жуковский ба шаҳри Хуҷанд лағв шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳам омодагии худро барои шикоят ба додгоҳ эълом кардаанд.

Шералӣ Ганҷлзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки иқдомоти ширкати ҳавопаймои Русия ғайриқонунӣ будааст, гуфт, аз тарафи мо ҳеҷ қонуншиканӣ нашуда, балки ин “Ямал” будааст, ки бидуни гирифтани иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон ба сурати ғайрқонунӣ, билет фурӯхтааст.

Мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон аз мардум хостаанд, ки аз ширкати ҳавопаймоии “Ямал” билет нахранд, чун ин ширкат иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон надорад.

Ширкати ҳавопаймоии “Ямал” аз 20 декабр қасд дошт, парвозҳоро аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд анҷом диҳад ва ҳатто билети парвозҳои баъдиро ба фурӯш расонд.

Бо ин ҳол, Душанбе ба ширкати “Ямал” иҷоза дод, ки танҳо як парвоз ба Душанбе анҷом диҳад то мусофиронеро , ки дурӯз дар фурудгоҳ саргардон монда буданд ба Тоҷикистон бирасонад.

Дар посух ба ин мамнуъитҳо барои ширкати ҳавопаймоии “Ямал”, Русия ҳам парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро ба Русия ба ҷуз шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург мамнуъ кардааст.