Сармоягузорӣ ва тақвияти равобити иқтисодӣ меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва саъудӣ
Октябр 09, 2023 11:04 Asia/Dushanbe
Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудири иҷроии Сандуқи тавсеаи Арабистони Саъудӣ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Сироҷиддин Муҳриддин», вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо «Султони бин Абдураҳмон Ал-Маршид » мудири иҷроии Сандуқи тавсеаи Арабистони Саъудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Тайи ин дидор масоъили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорм байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф дар бахши дигар дар мавриди истифода аз зарфияти чашмгири ҳамкорӣ бо Сандуқи тавсеаи Арабистони Саъудӣ сармоягузории пружаҳои кучаку бузург дар Тоҷикистон табодули назар карданд.
Барчасп