Истиқболи Сироҷиддин Аслов аз қатъномаи СММ
(last modified Thu, 29 Dec 2016 12:15:28 GMT )
Декабр 29, 2016 17:15 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Сироҷиддин Аслов аз қатъномаи СММ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни истиқбол аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи солҳои 2018-2028 ба унвони даҳсолаи  байналмилалии "Об барои рушди устувор" ин иқдомро гоми устувору ҳамоҳанге барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масоили об дар ҷаҳон арзёбӣ кард.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабр дар як нишасти хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон ва намояндагони корпусҳои дипламатии муқими Душанбе гуфт, ки даҳсолаи нави байналмиаллии “Об барои рушди устувор” идомаи мантиқии даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” аст, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзоиши ҷамъият, раванди шаҳрнишинӣ ва тағйироти иқлими сайёраро аз чолишҳои асосии башар барои дастёбӣ ба оби тозаи ошомиданӣ арзёбӣ кард. Сироҷиддин Аслов хушкшавии баҳри Арал, афзоиши намак дар рӯдҳо, заъфи хадамоти обрасонӣ ва фарсуда шудани шабакаҳои интиқоли обро аз мушкилоти асосии мавҷуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ баршумурд. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ҷараёни даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” барои дастёбӣ ба амнияти энержӣ, ғизоӣ ва мудирияти муштараки захоири обӣ дар минтақа талош хоҳад кард. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, бар асари тағйироти иқлим дар ҷаҳон ва дахолати инсон ба табиат миқдори зиёди манобеи обӣ дар ҷаҳон коҳиш ёфта, Тоҷикистон низ 35 дарсад аз пиряхҳои худро аз даст додааст.

Бар асоси иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни иҷрои даҳсолаи байналмиалии “Об барои ҳаёт” 1,5 млн. нафар дар ин кишвар ба оби тозаи ошомидани дастрасӣ пайдо карда, ҳамчунин дар ин муддат давлати Душанбе аз тариқи сарчашмаҳои дохилию хориҷӣ 1,7 млрд. доллар дар ин самт сармоягузорӣ кардааст.