Таъйиди ҳукми рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Абдуллоҳи Ғурбатӣ-рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро таъйид кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 7.5 сол зиндони Абдуллоҳи Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкӯми Тоҷикистонро таъйид кард.
Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар 13 октябри соли гузашта дар се модаи қонӯни ҷазо аз ҷумлаи ҳамкорӣ бо аҳзобу ҷумбишҳои мамнӯъа муҷрим шинохта шуд ва аз сӯии Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 7 солу 6 моҳ зиндон маҳкӯм шуд.
Дилафрӯз Самадова-вакили рӯзноманигори зиндонӣ гуфт : Додгоҳи олии кишвар дар таърихи 25 сентябри 2023 шикояти Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва вакили вайро рад кард.
Вай афзуд ки онҳо ҳамчунин аз ваколатдори ҳуқуқи башар дархости бознигарӣ дар мавриди ҳукми додгоҳ доштанд, аммо ҳануз посухе дарёфт накардаанд.
Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҳам дар бораи ҳукм шавҳараш гуфт ки онҳо чаҳор марҳиларо тай карданд то дар парвандаи Абдуллоҳ бо адолат қазоват шавад ва акнӯн ба кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид шикоят хоҳанд кард.
Ӯ афзуд : Умедворем ин кумита ба ин парванда тавваҷуҳ кунад.
Абдуллоҳи Ғурбатӣ яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкӯмшудаи тоҷик аст . Ӯ замоне дастгир шуд, ки дар робита бо парвандаи Далери Эмомалӣ, яке дигар аз веблогнависону рӯзноманигорони маҳкӯми тоҷик ба додситонии минтақаи Шоҳмансур эҳзор шуд.
Дар ибтидо мақомот ӯро муттаҳам ба « тавҳин ва хушунати алайҳи намояндаи давлат » карданд, аммо пас аз он Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба узвият дар Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон муттаҳам шуд.
Муҳокимаи Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққат баргузор шуд ва вай дар охирин суханронии худ таъкид кард, ки муҷрим нест ва ба ҳеҷ як аз ҷароими эъломшуда эътироф намекунад.
Дар соли гузашта илова бар Абдуллоҳи Ғурбатӣ, се рӯзноманигори дигари тоҷик - Далери Эмомалӣ, Завқибеки Сайидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ дастгир ва ба таҳаммули 7 то 10 сол зиндон маҳкӯм шуданд.