Имзои тафоҳумномаи ҳамкории синамоӣ байни Тоҷикистону Эрон
Ба манзури густариши таъомулоти фарҳангии Тоҷикистон бо Эрон тафоҳумномаи ҳамкориҳои синамоӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
Ба гузориши Форс, дар чаҳорчӯби нахустин ҷашнвораи байналмиллалии филми Душанбе мавсӯм ба « Тоҷи Сомон », маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои синамоӣ байни муассисаи давлатии « Тоҷикфилм »-и Тоҷикистон ва созмони умӯри синемоӣ ва самъӣ ва басарии Вазорати фарҳангу иршоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.
Ин санадро Муҳаммадсаиди Шоҳиён- мудири муассисаи « Тоҷикфилм » ва Муҳаммад Хазоъӣ-муовини вазири фарҳангу иршоди исломӣ ва раиси Созмони умӯри синемоӣ ва самъӣ ва басарии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар ҷашнвораи ёдшуда дар Тоҷикистон ба сар мебарад ба имзо расонданд.
Дар ин санади ҷадиди ҳамкорӣ бар тамоюли мутақобили ду тараф нисбат ба густариши таъомулоти синемоӣ таъкид шуда ва иҷрои иқдомоте монанди табодул, намоиш,арзаи осори синамоии якдигар, тавлидоти муштарак, табодули таҷрибиёт ва дониши фаннӣ, даъвату ширкати мутақобил дар рӯйдодҳои марбута дар ҳар ду кишвар ва дигар мавридҳо таъкид шудааст.
Шоёни зикр аст, ки дар маросими имзои ин тафоҳумнома Алиризо Ҳақиқиён- сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, шахсиятҳои саршиноси фарҳангии Тоҷикистон ва ҳайатҳои ҳозир дар ин ҷашнвора аз кишварҳои мухталиф ҳузур доштанд.