Октябр 17, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Эрон барои тавлидоти муштараки синамоӣ ба тафоҳуми расиданд
    Тоҷикистон ва Эрон барои тавлидоти муштараки синамоӣ ба тафоҳуми расиданд

Раиси созмони синамоӣ Эрон гуфт: Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ барои тавлидоти муштараки синамоӣ бо Тоҷикистон заминасози ҳамкориҳои густарда дар ҳавзаҳои мухталифи фарҳангӣ миён дукишвар хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими имзои тафоҳуми номаи ҳамкориҳои синамои байни Муҳамади Хазоӣ ва Муҳамадсаиди Шоҳиён раисони созмонҳои синамоӣ Тоҷикистон ваЭрон дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин санади ҷадиди ҳамкорӣ бар тамоюли мутақобили ду тараф нисбат ба густариши таъомулоти синамоӣ таъкид шуда ва иҷрои иқдомоти монанди табодули намоиш ва арзаи осори синамоӣ якдигар тавлидоти муштарак табодули таҷрибиёт ва дониши фаннӣ даъват ва ширкати мутақобил дар рӯйдодҳои марбута дар ҳар ду кишвар ва дигар маворид таъкид шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳамади Хазоӣ раиси созмони синамоӣ Эрон дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Тоҷисктон гуфта: Тавсеаи равобити фарҳангӣ, синемоӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор метавонад дастовардҳои хуби ба ҳамроҳ дошта бошад.

Хазоӣ таъкид кард: Имзои тафоҳумномаи ҳамкори барои тавлидоти муштараки синамоӣ бо Тоҷикистон заминасози ҳамкориҳои густарда дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумлаи тавлиди муштарак, табодули устод, интиқоли фанновариҳои санъатии синамоӣ ва улгуҳои омузиши ва ҳузур дар руйдодҳои синамои мутанозир ба иштирокоти ду кишвар аст.

Раиси созмони синамои Эрон бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон зарфиятҳои билқувваи бисёри дар заминаҳои мухталифи синамоӣ барои ҳамкорӣ ва мушорикат доранд афзуд: Ду миллати Эрон ва Тоҷикистони дорои рӯҳи муштарак дар ду колбуд ҳастанд аз ин ру синамо метавонад беш аз гузашта бо тақвияти нуқоти муштарак ва бозшиносии он ин ду миллатро ба ҳам наздиктар кунад.

Раиси умури синамои Тоҷикистон низ бо ишора ба аҳамияти ҳамкории синамоӣ бо Эрон гуфт: Имруз рузи бузург ва муҳими аст синамои Эрон дар ҷаҳон дорои эътибор аст ва ҳамкори ба рушд ва равнақи синамои ду кишвар кумак мекунад.

Барчасп