Бозрасӣ аз теъдоде аз маконҳои фурӯши маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ дар Хоруғ
(last modified Wed, 18 Oct 2023 08:10:10 GMT )
Октябр 18, 2023 13:10 Asia/Dushanbe
  • Бозрасӣ аз теъдоде аз маконҳои фурӯши маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ дар Хоруғ

Аз теъдоде аз маконҳои тавзеъ ва фурӯши маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ дар Хоруғ бозрасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, барои риоя накардани меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ва эпидемологӣ нисбат ба шахсони масъул дар Хоруғ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст

Рейди муштараки мақомоти дахлдор бо ҷалби кормандони милиса дар шаҳри Хоруғ баргузор карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилъ дода, афзуд, ки рейд дар бозори марказии шаҳр амалӣ шуд.

Ҳадафи ин чорабинӣ танзими фаъолияти бозорҳо, танзими нарху наво дар бозор, ҳамзамон пешгирӣ намудани аз савдои кӯчагӣ дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ арзёбӣ гардидааст.

Дар ин иттилоияи омадааст: "Дар заминаи он барои бартараф кардани ҳолатҳои савдои кӯчагӣ ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани фурӯши бозорҳо чораҷӯӣ карда шуд".