Октябр 23, 2023 17:05 Asia/Dushanbe
  • Душанбе; мизбони ҳамоиши иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Қатар

Дар чорчӯби сафари ҳайате аз Қатар ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамоиши иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоишро Солеҳзода Ашурбой, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ин кишвар ва тарафи муқобилро Файсал бин Соно Олӣ Сонӣ, раиси бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо ва мудири сармоядории Қатар бар ӯҳда доштанд.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ду тараф изҳор доштанд, ки бо сафари давлатии амири Қатар ба Тоҷикистон дар таърихи 8 июни соли ҷорӣ ва музокироти вай бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, сафҳаи ҷадиде дар равобити дуҷониба байни ду кишвар оғоз шуд.

Тибқи ин гузориш, дар ҳамоиши иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар, фурсатҳои сармоягузории Тоҷикистон, манотиқи озоди иқтисодӣ, рӯнамоӣ тарҳҳои авлавиятдор тавассути Кумитаи ҳифзи муҳити зист, раёсати заминшиносӣ, ширкати «Авесто Гуруҳ», ширкати «Ширкати Алюминии Тоҷик (ТАЛКО)» ва ширкати « Ғаюр Гурӯҳ» муаррифӣ шуданд.

Илова бар ин, ба манзури ҷазби буҷети изофӣ дар чандин пружаи авлавиятдор, аз ҷумла «Фурудгоҳи байналмилалии мусофирбарӣ ва борбарии Данғара», навсозии корхонаи «Ширкати Алюминии Тоҷик», сармоягузорӣ дар сохти «Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун», «Нерӯгоҳи Барқии Обии Шӯроб» ва таъсиси маркази луҷистикӣ барои фаровариҳои мухталиф, пешниҳод шуд.

Ду тараф ҳамчунин омодагии худро барои густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба эълом карданд.

 

Барчасп