Касрии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
Октябр 24, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
Бар асоси баррасии иқтисодии моҳи октябри Бонки тавсеаи Авруосиё, як омили калидӣ дар афзоиши касрии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, коҳиши содирот буд.
Касрии тиҷорати хориҷӣ ( ғалабаи воридот бар содирот )и Тоҷикистон аз январ то августи соли ҷорӣ ба 2.8 миллиард доллар расидааст.
Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 60 дарсад ё 1.8 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Таҳлилгарон иллати аслии коҳиши ҳаҷми содиротро кам шудани арзаи тилло, фулузоти асосӣ ( алюминий аввалия ) ва маҳсӯлоти маъданӣ ( семон, ангиштсанг, оҳан ва ғайра ) ба бозорҳои хориҷӣ медонанд.
Барчасп