Тирандозии як шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯи зане дар Маскав
(last modified Mon, 30 Oct 2023 12:32:21 GMT )
Октябр 30, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар як истгоҳи ҳамлу нақли умумӣ дар шимоли Маскав рух додааст
    Тирандозӣ дар як истгоҳи ҳамлу нақли умумӣ дар шимоли Маскав рух додааст

Яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав ба сӯи зане тир холӣ кард.

Комитаи таҳқиқот дар Маскав дар иртибот бо тирандозӣ дар истгоҳи ҳамлу нақли умумӣ парвандаи додгоҳӣ ташкил дод.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо як тапончаи бодӣ ба асфалт тирандозӣ кард, ки пас аз камона кардани тир ба як зан исобат кард.

Ин ҳодиса дар як истгоҳи ҳамлу нақли умумӣ дар шимоли Маскав рух додааст.

Муттаҳам билофосила дастгир шуд ва дар ояндаи наздик барои таҳқиқот ба кумитаи таҳқиқоти пойтахт мунтақил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин идора, дар пайванд ба ин рӯйдод парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.