Тими футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барандаи Ҷоми 2023-и Тоҷикистон шуд
(last modified Thu, 02 Nov 2023 07:24:20 GMT )
Ноябр 02, 2023 12:24 Asia/Dushanbe
  • Дар заработи пеналтӣ ин тими “Истиқлол” буд, ки тавонист тими “Равшан”-ро аз пеш рӯ бардорад
    Дар заработи пеналтӣ ин тими “Истиқлол” буд, ки тавонист тими “Равшан”-ро аз пеш рӯ бардорад

Мусобиқаи ниҳоӣ байни тими “Истиқлол”-и Душанбе ва футболистҳои ноҳияи Зафаробод - "Равшан" баргузор шуд.

Бозӣ дар вақти одӣ бидуни гол поён ёфт, вале дар вақти изофа ду тим як бар як мусовӣ шуданд, аммо дар заработи пеналтӣ ин тими “Истиқлол” буд, ки тавонист тими “Равшан”-ро аз пеш рӯ бардорад.

Рустам Ятимов ,дарвозабони тими “Истиқлол”-и Душанбе низ ба унвони беҳтарин бозигари финали Ҷоми 2023 Тоҷикистон шинохта шуд.