Эҳтимоли афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин
(last modified Fri, 03 Nov 2023 14:19:21 GMT )
Ноябр 03, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли афзоиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин

Арзиши мубодилоти тиҷорӣ байн Тоҷикистон ва Чин метавонад беш аз як миллиард доллар бирасад.

То поёни соли 2023, гардиши тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Чин мумкин аст 10.4 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёбад.

Дар натиҷа иҷрои дастуруламалҳои сарони кишварҳо ва таваҷҷуҳи вижаи онҳо ба тақвияти равобити дуҷониба, ҳаҷми мубодилоти тиҷории хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба 1.065 миллиард доллар мерасад.

Саҳми Чин дар гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 20.7 дарсад буда ва дар байни шарикони тиҷории аслӣ, ҷойгоҳи дувумро ба худ ихтисос додааст.