Ноябр 07, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии 805 ҳазор тон картошка дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дод имсол 805 ҳазор тон картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 29.6 тон бештар аз давраи гузориши соли 2022 аст.

Ҷамоварии ин маҳсулот дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

 Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3 ҳазор навъи картошка дар ҷаҳон кишт мешавад, ки кишти 15 навъи он дар Тоҷикистон роиҷ аст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин кишвар ҳарсола ба 1 миллиону 200 ҳазор тон картошка ниёз дорад, ки таъмини ҳамаи ин миқдор дар дохили ғайримумкин аст.

 Картошка пас аз орди гандум дувумин маҳсул дар сабади ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон аст.

Картошка,ки дар Тоҷикистон бештар дар манотиқи кӯҳистонӣ назири Рашт, Зарафшон ва Бадахшон кишт мешавад, аз муҳиммтарин маводи ғизоии тоҷикон маҳсуб мешавад ва дар суфраи хонаводаҳои тоҷик аз ҷойгоҳи вежае бархурдор аст.

  Тоҷикистон аз Русия, Эрон ва Покистон картошка ворид мекунад.

 

Барчасп