Ноябр 09, 2023 12:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар рушди равобити Эрон ва Тоҷикистон
    Таъкиди Раисӣ бар рушди равобити Эрон ва Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба азм ва иродаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон барои тақвият ва тавсиаи равобит дар заминаҳои мухталиф гуфт : Порлумонҳои ду кишвар нақши муҳимме дар иҷроӣ шудани тавофуқоти муштарак доранд.

Ба гузориши Ирно, Сайид Иброҳими Раисӣ чаҳоршанбе шаб дар бахши поёнии барномаҳои сафар ба Тоҷикистон,  дар дидор бо « Муҳаммадтоҳир Зокирзода » Раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар,  бо ишора ба азм ва  иродаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Тоҷикистон барои тақвиятв а  тавсиаи равобит дар заминаҳои мухталиф.  бар афзоиши талошҳо барои фаъолсозии зарфиятҳои мутанаввеъи мавҷӯд дар ду кишвар,  дар ростои иртиқоӣ ҳар чӣ бештари сатҳи ҳамкориҳо таъкид кард .

Раисӣ дар идомаи бахши санъат,  маъдан,  кишоварзӣ, нафту газ.  обу барқ, судӯри хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ва  роҳсозиро аз ҷумлаи заминаҳои муносиб барои тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар унвон кард ва  афзуд : Эрон ва  Тоҷикистон ҳамчунин ба воситаи бархӯрдорӣ аз пешинаи муштараки фарҳангӣ ва  торихӣ, метавонанд бо тақвияти ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ва ба вижаи ҳифзи забони форсӣ,  нақши муассире дар интиқоли ин сармояи арзишманд ба наслҳои пеши рӯ ифо кунанд.

Вай талош ва  мусоидат дар ҷиҳати сомон ёфтани вазъияти Афғонистон ва  истиқрори давлатии фарогир дар ин кишвар ва ҳамчунин тақвияти манобеи обии ду кишвар дар сади дӯстиро аз дигар ҳавзаҳои ҳамкории миёни Эрон ва  Тоҷикистони баршумурд ва бар аҳамияти нақши парлумонҳои ду кишвар дар иҷроӣ шудани тавофуқот ва  тафоҳумоти суратгирифта фимобин таъкид кард .

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ин дидори зимни қадрдонӣ аз рӯйкарди мусбатв а  созандаи давлати Доктор Раисӣ дар авлавиятдиҳи ба тақвияти равобит бо ҳамсоягон, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  тиҷории фимобайнро дар ҷиҳати таъмини манофеи ду миллат ва ду кишвар сӯдманд ва муассир донист.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода ҳамчунин бо ишора ба узвияти Эрон ва  Тоҷикистон дар созмонҳои минтақаӣ  аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай бар зарурати баҳрагирӣ аз ин фурсат дар ҷиҳати тавсеа ва  пешрафти иқтисодии ду кишвар таъкид кард.

Барчасп