Баррасии ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар бахши энергетика
(last modified Sat, 11 Nov 2023 05:43:29 GMT )
Ноябр 11, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар бахши энергетика

Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи ройзаниҳои иқтисодии муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар шаҳри Душанбе, Маҳдии Сафарӣ рӯзи ҷумъа 11 ноябр, бо Далер Ҷумъа-вазир энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва раиси тоҷикистонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дидор кард.

 Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи энергетика, об, судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва баргузории шонздаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

 Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон нақши ширкатҳои эронӣ дар иҷрои проектҳои зербиноии Тоҷикистон аз ҷумла сохти сад ва неругоҳи Сангтуда-2, тунели Истиқлолро дар тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон ва равобити иқтисоди дуҷониба муҳим донист ва бар лузуми ҳамкории байни ширкатҳои хусусии ду кишвар таъкид кард.

 Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин дидор ҳамчунин бар ҳамкорӣ дар бахши нафту газ бавежа иктишоф, истихроҷ ва полоиш ва ҳузури мудирон ва коршиносони тоҷик дар давраҳои омӯзиши тахассусӣ аз сӯи Вазорати нафт эъломи омодагӣ кард.

 Далер Ҷумъа-вазир энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва раиси тоҷикистонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон низ сафари оқои Раисӣ-раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва музокироти эшон бо Эмомалӣ Раҳмон- ҳамтои тоҷикашро муҳим арзёби карда ва омодаги кишваршро барои баргузории шонздаҳумин нишасти муштараки ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар охирҳои декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе эълом кард.

 Далер Ҷумъа ҳамчунин аз ҳамкории ширкатҳои фаннӣ ва муҳандисии эронӣ дар иҷрои проектҳои зербиноии Тоҷикистон қадрдонӣ кард.